Пешвои миллат

        Қадами нахустин ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Зеро баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали истиқлолият ба миён омада буд, давлатдории мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда асло намебахшиданд. Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобуди фурӯ мерафт . Аз ин хотир бинобар бар дӯш гирифтани масъулияти сарвари кишвар ӯ барномаи кори тайёршудае надошт, зеро вақте хонаи инсон оташ мегирад, дигар ягон фурсати барномарезӣ нест.

Судяи суди шаҳри Истаравшан

Аёмзода О.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Translate »
Яндекс.Метрика