Оини давлатдорӣ

        Имрӯз таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои воқеан чашмраси рушду субот ва кафолати давлатдории мо мебошад.

        Дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама бахшҳои давлатдорӣ суханҳои зиёд гуфтан мумкин аст, вале манн ҳамчун намояндаи насли ҷавон, ҳамчун шоҳиди бевоситаи тамоми давраи ташаккулёбии давлати навини тоҷикон бо чанд мисол мехоҳам гуфтаҳоямро тақвият бахшам.

          Муҳимтарин дастоварди мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи нобудӣ наҷот додани мамлакат мебошад. Замоне, ки дар кишвар оташи ҷанги шаҳрванди аланга мезад, маҳз ҷасорат, некбинӣ  ва иродаи қавии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки мардуми Тоҷикистон аз доми ҷанги шаҳрвандӣ раҳои ёфта ба роҳи созандаѓӣ , бунёдкорӣ тариқи ваҳдати миллӣ бирасанд.

          Ҳама дар ёд дорем, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ чунин қасам ёд карда буданд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бармегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ мемонад ором зиндагӣ нахоҳам кард».

           Хушбахтона ин вазифаи таърихиро Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбаланди иҷро намуд. Далватдории тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт ва боиси ифтихор аст, ки имрӯз таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳ ва роҳи ҳалли низоъҳо омӯхта мешавад. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ташкили низоми мукаммал ва муосири давлатдорӣ кори саҳлу осон набуд, аммо бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фурсати кӯтоҳ, асосҳои сохтори конститутсионӣ барқарор шуда, кишвар соҳиби сохтори мукаммали идоракунӣ, парлумони касбӣ, Артиши миллӣ ва дигар ниҳодҳои босалоҳияти  қудратию амниятӣ гардид.

Судяи суди шаҳри Истаравшан

Абдусаломзода А.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Translate »
Яндекс.Метрика