Нафси бадро ҳар ки сераш мекунад.

Аз толори суд

     Таҷрибаи ҳаёт собит менамояд, ки танҳо меҳнати ҳалол ва молу мулки бо ин роҳ бадаст омада ба кас насиб мекунад. Обрӯю эътибор ва қадру қимати шахс низ аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза вай некгуфтору некрафтор ва некнафсу ҳалолкор аст. Новобаста ба он, ки ин гуфтаҳо ҳаёт собит кардааст, ашхосе ёфт мешаванд, ки онро инкор кардан мехоҳанд. Ин шаҳодати бетаҷрибагӣ ва ё ба нафс дода шуда, аз ҳақиқат дур рафтани онҳост.

    Дар ин мавод сухан аз амали ноҷои он шаҳрванде меравад, ки чун мурғи номурод бо умеди «дона» аз «дом» бехабар мондааст. Чуноне ки Шайх Аттор мефармояд:          

                Аз барои нафс мурғи номурод,

               Омаду дар доми сайёд ӯ фитод.

  …Азизуллоев З.Ҳ. худ зода ва истиқоматкунандаи ВМКБ буда, ҳамагӣ 25 сол дорад. Дар ин синну сол ӯ метавонист соҳибмаълумот гардида, шуғли дурустеро интихоб намояд. Вай шояд аз рӯи ҳирс хост яку якбора бо роҳи ғайриқонунӣ маблағи зиёд ба даст орад. Аммо тираш хок хӯрд.

   …Дар охири моҳи феврали соли 2016 ба ШВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан нисбати он, ки З. Азизуллоев бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор машғул аст, хабари моҳияти фавридошта расид. Бо мақсади санҷиш ва ошкор намудани кирдорҳои ҷиноятии шахси зери шубъа қарордошта, аз тарафи кормандони милитсияи шаҳри Истаравшан бо дастрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фаврӣ» чорабиниҳои фаврӣ пешбинӣ ва амалӣ гардонида шуд.

      Санаи 2 марти соли 2016 ҳангоми гузаронидани амалиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе З.Азизуллоев 6 бастаи селофании маводи шубҳанокдоштаро ба харидори шартӣ бо номи Раъно ғайриқонунӣ супорид. Дар навбати худ Раъно, ки ихтиёран чун харидори шартӣ аз ҷониби кормандони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан баҳри ошкор намудани ҷиноят ҷалб шуда буд, бастаҳои селофаниро ба ШВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан шаби 3 март супоридааст. Тибқи ташхиси судӣ–кимиёвии ШТК РКВД ҶТ дар вилояти Суғд маводи ба З. Азизуллоев тааллуқдошта воситаи нашъадори навъи гашиш буда, вазни холисаш 2800 грамм будааст. Мувофиқи замимаи 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ин миқдор воситаи нашъадор ба миқдори калон (аз 0,5 кг то 5 кг) дохил мешавад.

Бо гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Истаравшан З. Азизуллоев  3 марти соли 2016 аз ҷониби кормандони милитсия дастгир  шуда, нисбаташ маводи зарурӣ тартиб ва ба суди шаҳр ирсол карда шуд. Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ айбдоршаванда ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, аз кардааш пушаймонӣ изҳор намуд. Дар мурофиаи судӣ кирдори айбдоршаванда пурра санҷида шуда, шоҳидон пурсида шуданд ва гуноҳаш пурра исботи худро ёфт.

     Дар мавриди таъин намудан ва андозаи ҷазо, суд бори аввал ҷиноят содир намуда, ба гуноҳаш иқрор шудан, аз кирдораш сидқан пушаймон шудан, дар таъминоташ фарзанди ноболиғ доштан, ягона таъминкунандаи оила будан ва аз маҳалли истиқоматиаш хислатномаи мусбат доштани судшавандаро ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ба эътибор гирифта, ба З. Азизуллоев ҷазои сазовор таъин намуд.

     Бо ҳукми суд Азизуллоев З. бо моддаи 200 қисми 3 банди «г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ дар асоси раводиди ҳамин модда ҷазо ба муҳлати 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр, бе мусодираи молу мулк таъин карда шуд.

     Ин аст оқибати кӯтоҳандешии  Азизуллоев  З. метавонист дар ин муддат, ки айни ҳарбу зарби ҳаёт аст, бо корҳои манфиатнок барои худу ҷомеа машғул шуда бошад. Аммо акнун вай 8 соли минбаъдаи ҳаёташро паси панҷара хоҳад гузаронид, ки боиси нигронист барои вай ва пайвандонаш.

       Зиёӣ Азизуллоев дигар чора надорад, барои вай акнун роҳи бозгашт танҳо тавассути адои ҷазо дар маҳбас аст. Аммо ин барои дигар ҷавонон метавонад дарси ибрат бошад. Ва пеш аз он, ки ба кори номатлуб даст зананд, дониста  бошанд, ки бори каҷ ба манзил намерасад ва танҳо пушаймонӣ ба бор меорад. Нафси хешро ҳамеша нигаҳбон бошанд, вагарна ба гуфти Аттори Нишопурӣ

       Нафси бадро ҳарки сераш мекунад,

       Дар гунаҳ кардан далераш мекунад.

 

 

                                                Раиси суди

 шаҳри Истаравшан  Ҷумъазода У.Ш. 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Translate »
Яндекс.Метрика