Дар партави Паёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016

   Дар Паёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардидааст, ки «Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа муассисаву марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таҳсилоти олӣ ва муҳаққиқони ҷомеашиносро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдориии ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд».

             Андешаи миллии солиму созанда ва мафкураи кавӣ миллату давлат ва муқаддасоти онро аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва равандҳои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дошта сипари боэътимод ва пайдо намудани майл ба чунин гаравишҳо аст. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ гардидани гурӯҳи ба ном «Далати исломӣ» ва аз ноогоҳиву сабукандушӣ таваҷҷуҳ намудани қисме аз ҷавонони мо зуҳури ғуборе дар осмони софи Ваҳдати миллии кишвар аст.

             Бинобар ин, Сарвари давлат омӯхтани чунин зуҳуроти номатлуб, гаравишҳои хатарсозро ва омилҳои сар задани ҷанги гражданӣ дар кишварамон яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимони ҷомеашинос ҳисобида, таъкид менамоянд, ки «… доир ба ин масъала андешаву таҳқиқоти мӯътамади олимон бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад, то ин ки ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабори гузашта барои наслҳои ояндаи халқамон дарси ҳушёри ва ибрат гарданд. Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосирооимону донишмандони мамлакатбояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҳуруфотпарастиву ифротгароӣ инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».

       Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории мамлакат ва мардуми шарафманди Тоҷикистон дар шароите ироа гардид, ки инсоният ба таҳдиди терроризму ифротгарои дучор гардида бӯҳрони молияви як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст.

Судяи суди

шаҳри Истаравшан             Қаҳрамон Аҳмадзода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Translate »
Яндекс.Метрика