Тағйири қонун зарурияти айём

Тағйироти моддаҳои 49, 65 ва 85-и Конститутсияи пешниҳодшуда, талаботи якхеларо барои ишғоли вазифаҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, яъне қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар менамоянд. Мувофиқи тағйироти ба моддаи 65 воридшаванда шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ на кам аз 30 ва дорои таҳсилоти олӣ бошад. Чунин талабот нисбат ба аъзои Ҳукумат, узви Маҷлиси Олӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе низ пешбини мегардад. Ман фикр мекунам, ки зарурати робитаи ин устувори сиёсию ҳуқуқии шахс бо давлат буда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мутақобиларо ба миён меорад. Шахсе, ки шаҳрванди дигар давлатро дорад, чи гуна метавонад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намояд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур дар қисми 20 лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ки дар баробарӣ эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд ва ба қатъи шаҳрвандӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар асоси қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон мегардад.

 

Муовини раиси

                   суди шаҳри Истаравшан               Д.Юсуфзода

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Translate »
Яндекс.Метрика