Тасарруфи амволи ғайр

      Ноболиғ Бокалонов А.Ҷ. ҳамроҳии Норматов А.А. шаби 15 ва 16 ноябри соли 2013 соатҳои 02-00 дақиқа бо мақсади тасарруфи ниҳонии амволи ғайр ба назди бинои мағозаи шахсии Асроров Икром бо номи «Ислом» воқеъ дар шаҳри Истаравшан кучаи Ленин омада аз набудани атрофиён ва беназоратии соҳибмулк истифода бурда бо роҳи кушодани дари мағоза вориди он гашта аз он ҷо маблағҳои нақди пулӣ ба миқдори 6500 сомонӣ як адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа-6233» арзишаш 100 сомонӣ ва 30 дона шоколади «Сникерс» арзишашон 200 сомонӣ ҷамъ ба маблағи умумӣ 6900 сомониро тасарруф намуда ба ҷабрдида Асроров И. зарари модди ҷидди расонида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои кофтукови ҷустуҷуӣ ноболиғон Бокалонов А.Ҷ. ва Норматов А.А. дар ҳудуди шаҳри Чкалов боздошт карда шуда аз охири онҳо ду адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа» ва 800 сомонӣ маблағи пулӣ ҳамчун далели шайъи гирифта мешавад.
Бо қарор аз 28 январи соли 2014 (в.к. 108-110) ққисми маводҳои кори ҷиноятӣ нисбати ноболиғ Норматов А.А. бо сабаби пушаймон шудан аз кирдор қатъӣ қатъ карда шудааст.
Парвандаи мазкур аз тарафи суди шаҳри Истаравшан таҳти раисикунанда Боқозиев А.А. мавриди баррасӣ қарор дода шуда бо таъиноти маҷлисӣ судӣ аз 3 марти соли 2014 парвандаи мазкур бо айбдории ноболиғ Бокалонов Аҳмадалӣ Ҷалолиддинович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ бинобар эълон нагардидани банди “б” қисми 2 моддаи 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокуратураи шаҳри Истаравшан баргардонида шуд.

Боқозиев А.А. судяи суди шаҳри Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Translate »
Яндекс.Метрика