Ба ифтихори 21-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

раиси суд Чумъаев У.Ш.Конститутсия

ҳуҷҷати Сарнавиштсози халқи Тоҷикистон.

 

 

6-ноябри соли 1994 мардуми  тоҷик иштирокчии рўйдоди муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ-қабули Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Агарчӣ ин мўҳлат барои таърих тўлони ҳисоб наёбад ҳам, вале дар партави ин ҳуҷҷати тақдирсоз кору зиндагонӣ кардан ба мо имконият дод, ки ба як қатор дастовардҳои муваффақ шавем.

Пеш аз ҳама қабули ин сарчашмаи қонун моро ба ҳам овард, сарҷамъу муттаҳид сохт, ваҳдати сиёсии халқро таъмин намуд, роҳи ояндаи ҳастии мо–бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ва ягонаро, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад рохбалади намуд. Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намуда, муқаррар кард, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Дар мувофиқат бо арзишҳои умумибашарӣ низоми мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян сохт.

Ҳамчуноне, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби оли, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 23 апрели соли 2014 таъкид намуданд «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.»

Конститутсия–қонуни олии мамлакатамон мебошад, ки дар он асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, вазифа ва салоҳияти онҳо ва ғайра муқаррар карда шудааст. Сарқонун ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқии кишвар низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро муайян карда, пеш аз ҳама ба сифати ҳифзкунанда, кафолатдиҳанда ва таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат менамояд.

Конститутсия пешбини менамояд, ки риоя ва таъмину кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва худидоракунии маҳаллӣ буда, ҳифзи онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ ба амал бароварда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки санадҳои дигари ҳуқуқцӣ набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ва ё онҳоро халалдор созанд.

Тоҷикистон ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ободии рўзгори мардум мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида, арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро дар амал татбиқ менамояд, ҳаёт, қадр, номус, шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ўро муҳофизат менамояд.

Тибқи муқаррароти моддаи 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

       Моддаи тафсиршаванда асосҳои бунёди давлату давлатдориро, ки онҳо тағйирнопазиранд муқаррар намудааст. Ҳангоми тафсири ин меъёри Конститутсия ду нуқта дар мадди назар гирифта мешавад:

      якум, шакли идораи ҷумҳурӣ ва тамомияти арзии давлат дар доираи Конститутсияи амалкунанда ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир намеёбанд ва аз ин лиҳоз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин ниҳоҳои конститутсионӣ комилан манъ аст;

       дуввум, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, ки тамоми бобу бахшҳои Конститутсияро дар бар мегиранд, тағйирнопазиранд.

Худи калимаи Конститутсия аз калимаи лотинии «constitution» гирифта шуда мафҳуми барпо намудан, бунёд гузоштан, таъсис доданро дорад. Таҳлили ин калима имкон медиҳад, ки паҳлўҳои гуногуни  ин сарчашмаи ҳуқуқӣ муайян гарданд ва онҳо ҳангоми истифодаи амалии Конститутсия ва меъёрҳои он ба эътибор гирифта шаванд.

Конститусия ба сифати қонуни асосии кишвар дар шакли муайян таҳия шуда, аз суботу устувории махсус бархурдор аст. Он метавонад танҳо бо тартибе, ки худи Конститутсия муқаррар кардааст, таҷдиди назар карда шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи райъпурсии умумихалқи қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба он танҳо бо роҳи райъпурси ворид карда мешаванд. Аз ин рў ҳар гуна кўшиши ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бар хилофи тартибе, ки дар Конститутсия муқаррар шудааст, ҳамчун амали ғайриконститутсиони эътироф мегардад.

Конститутсия қонун оид ба таъсиси давлат, низоми фаъолияти мақомоти он, тартиби ташкил ва татбиқи салоҳият ва омили муайянкунандаи муносибатҳои мутақобилаи байни мақомоти давлати мебошад.

Конститутсия қонуни асосиест, ки ваҳдати сиёсии халқро шаклбандӣ ва таъмин мекунад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ аз нигоҳи сиёсӣ воҳиди ҳуқуқии дохилидавлатӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, зеро он  баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст. Конститутсия инчунин меъёрҳоеро дарбар мегирад, ки тибқи онҳо таьрифи ваҳдати сиёсии халқ пешгирӣ карда мешавад. Эътирофи инкишофи ҳаёти ҷамъияти дар асоси равияҳои гуногуни сиёси ва мафкурави меъёри кафолатдиҳандаи ин амал мебошад.

Конститутсия қонунест, ки он суботи сиёси ва тартибу низомро дар давлат таъмин мекунад.

Конститутсия ин маҷмўи меъёрҳои ҳуқуқии давлат мебошад, ки меёрҳои ҳуқуқии дигар бояд ба онҳо мутобиқати том дошта бошанд. Яъне Конститутсия маҷмўи меъёрҳои мутлақ мебошад. Аз ин рў Конститутсия ба сифати қонуни фарогири тамоми қаламрави кишвар, дорои эътибори олии таъминкунандаи ваҳдати сиёсии халқ ва ягонагии фазои иқтисодиву ҳуқуқи пазируфта мешавад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба таърихи инкишофи давлатдории шўрави дар Тоҷикистон хотима гузошта, роҳи рушди комилан навро оғоз намуд. Конститутсия аз роҳи таҳкими ҳуқуқии арзишҳои умумидемократӣ ва самтгирии роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷадид Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан пайваст, ки дебочаи Конститутсия ҳамаи ин арзишҳо ва навовариҳоро дар бар гирифтааст.

Дар Дебоча қабл аз ҳама, ишора шудааст, ки ҳамин Конститутсия аз ҷониби халқи Тоҷикистон қабул ва эълон карда мешавад. Дар зери мафҳуми халқи Тоҷикистон  ҳамаи шаҳрвандоне фаҳмида мешаванд, ки дар қаламрави он сарфи назар аз миллат, наҷод, ҷинс, забон мансубияти мазҳабӣ, ақидаҳои сиёсӣ, маълумот вазъи иҷтимои ва моликият зиндаги мекунанд.

Тибқи Конститутсия халқи Тоҷикистон худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст, ки ин ифодакунандаи бевоситаи узви созмонҳои умуми ва минтақавӣ, ба мисли СММ, САҲА, ИДМ ва ғайра будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рў, Тоҷикистон риояи принсипҳои эътирофшудаи умуми ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалиро ба ўҳда гирифта, муносибатҳои дипломатии худро бо давлатҳои хориҷи барқарор менамояд. Бо онҳо равобити мусолиматомез ва ҳамкориҳои судмандро дар соҳаи муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид муқаррар шудаанд ба роҳ мемонад.

Мувофиқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони руси ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2009 қабул шудааст, вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи онро ба сифати забони давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин кафолати ҳуқуқии амали озодонаи дигар забонҳоро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муошират ҳастанд таъмин менамояд.

Ҳокимияти суди низ ҳамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ, дар радифи мақомоти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати судӣ дар ҷомеъа фаъолият менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар тўли ин солҳо дар низоми судии ҷумҳури ислоҳоти суди анҷом дода шуда, ҳокимияти суди ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлати эътироф гардид. Фаъолияти мақомоти суди ба талаботи замон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ мутобиқ гардонида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсиони таҳким бахшида шуд.

Аз ин рў, маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, низоми судии мамлакат, салоҳияти судҳо, принсипҳои асосии фаъолияти суди ва сохтори судҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла дар моддаи 84 Конститутсия омадааст: «Ҳокимияти суди мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.»

Дар Конститутсия доир ба фаъолияти судҳо дар симои судяҳо нуқтаи хеле муҳим-амали мустақилонаи судҳо ва дахлнопазир будани судяҳо баён шудааст.

Чунончӣ дар моддаи 87-и Сарқонун сабт шудааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.»

Ба гуфти сарвари давлатамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муқаддас ва тақдирсоз буда мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Бо баракати истиқлол ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик ба дастовардҳои азиме дар арсаи байналмилалӣ, ваҳдати миллӣ, ободии кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, шинохти ҷавҳари таърих, пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ комёб гашта, давра ба давра ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравад, ки дар ин дастовардҳо Сарқонун нақши бағоят муҳиму арзанда дорад.

Аз ин лиҳоз ҳамаи Шумоёнро ба муносибати таҷлили ин ҷашнвораи муборак табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустию умри дарози пурбаракат хоҳонам.

Бигзор, ҳамеша осмони Ватани азизамон софу беғубор, халқамон хурраму шод, дар кишвар сулҳу суббот ва қонуният поянда бошад.

 

 

           Ҷумъазода У.Ш.

                                           раиси суди шаҳри Истаравшан

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Translate »
Яндекс.Метрика